Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Вахш

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастовардҳои барзгарони ин ноҳия шинос гардиданд.
Сарвари давлат дар Ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакии ноҳияи Вахш нахуст аз Хоҷагии деҳқонии «Маҷид» боздид ба амал оварданд. Тавре маълум шуд, самти асосии фаъолияти хоҷагии мазкур ба ангурпарварӣ равона шудааст. Масоҳати умумии ангурбоғи ин хоҷагӣ 1,2 гектарро ташкил дода, дар он навъҳои гуногуни ангур, аз ҷумла ҳусайнӣ ва ҳафизӣ (ғалаба) парвариш карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта ангурпарварони хоҷагии мазкур аз ин боғ зиёда аз 17 тонна маҳсулоти хушсифат ба даст овардаанд. Имсол  нашъунамои токзор хубтар буда, меҳнаткашони  хоҷагӣ ният доранд, ки аз ин боғ  то 25 тонна ҳосил гиранд.
Пешвои миллат зимни мулоқот бо хоҷагидорон иброз намуданд, ки дар Тоҷикистон навъҳои зиёди ангур мерӯянд ва ҳар навъи он лаззати ба худ хос дорад. Иқлим ва обу ҳавои кишварамон барои парвариши навъҳои гуногуни ангур хеле мусоид аст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Вахш, ки иқлимаш  барои ангурпарварӣ мусоиду мувофиқ аст, майдони токзорҳо бояд васеъ шуда, ҳаҷми содироти ин мева ба хориҷи кишвар зиёдтар гардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон инчунин бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии » Шукрона-2013″ шинос гардиданд. Ин хоҷагӣ 0,45 га замини обӣ дар ихтиёр дошта, ҳар қитъаи он оқилонаю самаранок истифода мегардад.  Аз ҷумла, дар мавсими имсола хоҷагидорон аз ин масоҳати замин тавонистанд ба миқдори 45 сентнер ҳосили гандум рӯёнанд. Дар кишти такрорӣ хоҷагидорон зироати дигар, ба монанди мош ва бедаву ҷуворимакка барои хӯроки чорво коштаанд. Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин, аз як замин гирифтани ду ва зиёда ҳосил дар ноҳияи Вахш дар маҷмӯъ дар масоҳати 7667 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.
Пешвои миллат аз фаъолияти хоҷагидорон изҳори қаноатмандӣ карда, иброз намуданд, ки меҳнати зарбдор самараи нек хоҳад дод ва марди деҳқон ба воситаи меҳнату заҳмати софдилона на танҳо зиндагии худро беҳтар мекунад, балки дастархони ҳамаи сокинони ҷумҳуриро бо маводи ғизоӣ таъмин месозад.
Сарвари давлат дар Ҷамоати деҳоти «Рӯдакӣ» инчунин аз намоиши маҳсулоти хоҷагии халқ дидан намуданд. Дар ин намоиш тамоми хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Вахш дастранҷи худро ба маърази дид гузошта буданд. Бонувони чирадасти ноҳия намунаи маҳсули дасти худ, аз ҷумла намудҳои гуногуни нону кулча ва дигар таъомҳои миллиро пешниҳод намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия соли 2016 дар ҳамаи бахшҳо ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро ба 193,6 миллион сомонӣ расониданд, ки ин нисбат ба соли 2015 11,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Соли 2017 хоҷагидорон дар майдони 15 ҳазору 485 гектар кишти маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида, нақшаи дурнаморо 100 фоиз иҷро намуданд. Майдони кишти зироати асосӣ-пахта  9 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад. Дар доираи амалишавии барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии бахши хусусӣ, дар ноҳияи Вахш зиёда аз 20 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад. Кооперативи тиҷоратии «Нуфузи Вахш» ва ҶДММ «Насими кӯҳсор» аз он коргоҳҳое мебошанд, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Ин корхонаҳо айни ҳол ба миқдори зарурӣ аз шир ва меваю сабзавот маҳсулот истеҳсол мекунанд. Намунаҳо аз маҳсулоти корхонаҳои мазкур дар ин намоишгоҳ ҷойгоҳи махсуси худро доштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли 2017 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла растанипарварӣ,   сабзавоткорӣ,   полезӣ ва меваҷот мувофиқи нақшаи дурнамо иҷро гардидааст. Пешравиҳо дар самти чорводорӣ низ назаррас мебошанд. Ҳоло дар ноҳия саршумори ҳайвони калони шохдор 2800 сарро ташкил медиҳад. Миқдори саршумори моли майда ба 61 ҳазору 300 сар расидааст.
Сарвари давлат ба фаъолияти хоҷагидорони ноҳия баҳои баланд дода, ба онҳо бобати боз ҳам самаранок истифода намудани ҳар қитъа замин, таъсиси боғҳои нав, васеъ намудани майдони кишти пахта ва дигар зироат, инчунин зиёд кардани ҳаҷми  маҳсулоти содиротӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Кишоварзони ноҳияи Вахш аз ташрифи Пешвои миллат илҳоми тоза гирифта, қавл доданд, ки минбаъд ҳам дар таъмини амнияти озуқавории Точикистон ва афзун намудани қудрати содиротии он саҳми бештар хоҳанд гузошт.