Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон

Имрӯз дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи киштзори хоҷагии деҳқонии «Қувватбек» шинос шуданд ва дар ҳамин мавзеъ аз намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳия дидан карданд.
Хоҷагии деҳқонии «Қувватбек» соли 2014 ташкил ёфта, феълан 9 саҳмдор дорад. Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 3,40 гектар замин дошта, дар он асосан кишти пахта ва хӯроки чорво гузаронида мешавад. Айни замон дар 1,40 гектари он пахтаи навъи «Флора» ва дар 2 гектари боқимондаи он юнучқа барои хӯроки чорво нашъунамои хуб дорад.
Гуфта шуд, ки дар мавсими гузашта хоҷагидорон тавонистанд 6 тонна пахтаи аълосифат ба даст биёранд ва имсол ҳам тибқи баҳогузории кишоварзон, имконияти ба даст овардани ҳамин гуна ҳосил вуҷуд дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмати хоҷагӣ ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи ҳар порча замин ва гирифтани ҳосили фаровон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Сипас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ аз намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан карданд. Заҳматкашони ноҳия анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзии худ, аз қабили меваҳои шаҳдбор, мағзу мавиз, полезӣ , маҳсулоти нонӣ ва чорвои хурду калони шохдорро ба намоиш гузоштанд.
Намоишгоҳи кишоварзӣ бо маҳсулоти тозаи деҳқонони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оро ёфта буд, ки нишона аз рушду равнақи соҳаи кишоварзӣ ва фаровонии ҳосил дар ҳудуди ноҳия мебошанд.
Қисмати намоишгоҳи мазкурро гӯшаи чорвои хурду калони шохдори зоти маҳаллӣ, ки феълан дар хоҷагиҳои чорвопарварии ноҳия нигоҳубин карда мешавад, ташкил дод. Иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии чорво дар сатҳи ноҳия ба 104 ҳазору 167 адад расидааст, ки аз ин шумора 39 ҳазору 111 адади онро чорвои калони шохдор ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки айни замон ҳамин гуна пешравиҳо дар дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ низ ба қайд гирифта шудаанд ва тибқи таҳлилҳои чанд соли охир истеҳсоли пахта, ғалла, картошка, сабзавот ва полезӣ 6,4 баробар афзудааст. Ҳамчунин хоҷагиҳои занбӯриасалпарвариву чорводорӣ низ дар ноҳия ба нишондиҳандаҳои чашмрас ноил гардидаанд ва истеҳсоли асал, шир ва гӯшт нисбат ба чанд соли қаблӣ дар ноҳия ба маротиб афзудааст.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат ба заҳмату талоши кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ бобати расидан ба нишондиҳандаҳои хуби истеҳсолӣ муваззаф сохтанд.