ХУШХАБАР! ИМРӮЗ СОКИНИ 10-МИЛЛИОНАИ ТОҶИКИСТОН ТАВАЛЛУД ШУД! Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сокинони мамлакатро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик намуданд

Писаре, ки имрӯз соати 12:00 дар Таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад ва ба ӯ Фирдавс ном гузошат шуд, сокини 10-миллионаи Тоҷикистон гардид. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон мавқеи худро аз рӯи шумораи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи 3-юм устувор кард, иттилоъ медиҳанд хабарнигорони АМИТ «Ховар».

Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова волидони ин сокини 10-миллионаи кишвар мебошанд.

Падари ӯ муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонашин аст. Фирдавс нахустин фарзанди ин оилаи ҷавон мебошад.

Вазни писарчаи нав ба дунё омада 3 кг 250 грамм буда, қадаш 50 см мебошад. Ҳолати кўдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рўи ҷадвали Апгар 7/8 хол баҳо дода шудааст.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модари тифли навзодро табрику шодбош гуфта, ба Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки оилаи тифли навзодро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намоянд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба Махфират Шокирова ҷудо кардани хонаи сеҳуҷрагӣ қарори дахлдор имзо намуданд.

Аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба оилаи сокини 10-миллиона калиди хонаи сеҳуҷрагиро муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва муовини Раиси пойтахт Дилбар Одилзода тақдим карданд.

Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сокинони мамлакатро ба муносибати ба 10 миллион нафар расидани шумораи аҳолии кишвар табрик намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ин модари хушбахт баъди аз таваллудхона баромадан ба манзили нави сеҳуҷрагии худ гусел карда мешавад. Ҳамчунин бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ манзили зисти тифли навзод, ки бо таваллуд шуданаш аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид, бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин карда мешавад.

Дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» оилаи хуштолеи кӯдаки навзод ва наздикони онҳо барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.


Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Абдувалӣ Набизода иброз намуд, то 1 апрели соли равон шумораи аҳолии мамлкат 9 млн 934,4 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз шумораи аҳолии мамлакат 50,7 фоизашро мардон ва 49,3 фоизро занон ташкил медиҳад.


Ҳамчунин ӯ иттилоъ дод, ки шумораи кӯдакон ва шаҳрвандони то синни 18-сола 40 фоизро ташкил медиҳад.

Ба гуфти мавсуф, дар Тоҷикистон шумораи аҳолӣ рӯз то рӯз зиёд мешавад, ки омили асосии он таввалуди зиёд ва дарозумрӣ мебошад.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён 15 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 111,5 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.

Ба гуфти мавсуф, дар давраи ҳисоботӣ 16,3 ҳазор нафар фавтидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз кам аст.

Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион нафар ба 9,8 миллион нафар афзудааст, яъне 1,8 баробар зиёд шудааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИД (акс),
АМИТ «Ховар»