Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон таъсис ёфт

Бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри самаранок ва пайваста рушду инкишоф ёфтани фаъолияти минбаъдаи соҳаи фарҳанги мамлакат ва муассисаҳои давлатии фарҳангӣ, инчунин ҷиҳати омодасозии кадрҳои эҷодӣ барои фаъолияти касбӣ дар соҳаи фарҳангу санъат Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Мақсад аз таъсиси филармония- таблиғу ташвиқи мусиқии касбӣ ва анъанавии халқи тоҷик, рақси миллӣ, балет, дастгирии санъати навозандагӣ, овозхонӣ, рассомӣ, хореографӣ ва композиторӣ, дарёфти наврасон ва ҷавонони соҳибистеъдод, омода намудани навозандагони ҷавон, раққосон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, инкишофи ҳамаи намудҳои фаъолияти эҷодии касбӣ ва баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир барои соҳаи фарҳанг ва санъат, ба роҳ мондани низоми дастгирии эҷодиёти кӯдакону наврасон ва таҳсилоти бадеӣ-эстетикии онҳо, татбиқи имкониятҳои эҷодии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон» дар заминаи Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ-Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон» таъсис ёфта, он минбаъд барои рушду ташаккули коллективҳои эҷодии бачагона, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, тарбияи ҳисси зебоиписандӣ, ташкили маҳфилу чорабиниҳои фарҳангию ҳунарӣ шароити васеъ ва мусоид фароҳам меоварад.
Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маркази бузурги фарҳангии кӯдакону наврасон табдил меёбад.

АМИТ "Ховар"