Тоҷикистон дар Фестивали 8-уми мусиқӣ ва рақси Ҳиндустон ширкат меварзад

Рӯзҳои 13-18 январи соли 2019 дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон Фестивали 8-уми мусиқӣ ва рақс баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Фестивал бо ташаббуси Шӯрои Ҳиндустон оид ба рушди муносибатҳои фарҳангӣ баргузор мегардад.

Дар фестивали мусиқӣ ва рақс аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гурӯҳҳои рақсиву навозандагон даъват карда мешаванд.

Мақсад аз баргузории фестивал таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни кишварҳо, оммавигардонии санъати рақси Ҳиндустон ва кишварҳои хориҷӣ, ҳифзи анъана ва санъати рақсии халқҳои гуногун, дарёфти чеҳраҳои нав, дастгирии гурӯҳҳои рақсии амалкунанда ва ҷалби ҷавонон ба санъати рақсу суруд мебошад.

Хоҳишмандон бораи иштирок метавонанд ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

АМИТ «Ховар»