Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд. Дар ин бора маҷаллаи бритониёии “Wanderlust travel»  12 августи соли 2017  хабар дода, афзудааст: «Тоҷикистон 4-умин кишвари ҷаҳон аст, ки низоми осонтарини раводид дорад».
Ба навиштаи маҷалла, Тоҷикистон соли гузашта низоми электронии раводидро ҷорӣ кард ва феълан барои гирифтани раводиди сафар танҳо пешниҳоди нусхаи шиноснома кофӣ мебошад.
Манбаъ муҳлати дастрас кардани раводиди Тоҷикистонро 1-3 рӯз арзёбӣ кардааст: «Танҳо ба шумо лозим аст, ки раводидро чоп намоед ва ҳангоми сафар бо худ бигиред».
«Wanderlust travel» ба панҷгонаи пешсаф-Озарбойҷон, Камбоҷа, Шри-Ланка, Тоҷикистон ва Ветнамро ворид намудааст.

АМИТ "Ховар"