Телевизиони «Варзиш» мутахассисонро ба ҳамкорӣ даъват менамояд

Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» барои дар сатҳи баланд таҳия намудани намоишҳо ва шарҳу тавзеҳоти касбӣ ба барномаҳои "Шарҳи бозӣ", "То бозӣ", "Баъди бозӣ", "Еврогол", "Даври англисӣ", "Фоли футбол" ва мусобиқаҳои дигари варзишӣ аз қабили намудҳои гӯштин, варзишҳои якҳарбаи шарқӣ, варзиши сабук ва бозиҳои дастӣ коршиносону мутахассисонеро, ки дорои  дараҷаи  баланди  касбӣ мебошанд  ба ҳамкории тариқи  шартномавӣ даъват мекунад. 
Довталабон бояд  забони модариро хуб донанд, таҳлили амиқу тахассусии соҳаро вобаста ба мавзӯъ дар сатҳи зарурӣ анҷом дода тавонанд. 
Довталабон  метавонанд СV-ҳои худро ба почтаи электронии МДТВ “Варзиш” - info@varzishtv.tj  то рӯзи 25 -уми август ирсол намоянд.
Барои маълумоти муфассал бо телефонҳои 221-90-64 тамос гиред.