Талаботи озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои соли 2021 тасдиқ шуданд

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли ҷорӣ 2 540 000 сомонӣ ба таври нақд ҷудо карда мешавад.

Бар асоси Низомнома Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд гузаронида мешавад.

Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон дар бар мегирад.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои композиторӣ,сарояндагӣ ва навозандагӣ гузаронида мешавад ва дар ҳар се номинатсия асарҳое пешниҳод мегарданд, ки дар мавзӯи зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои Истиқлолу Озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тараннуми симоҳои барҷастаи миллат, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, об ҳамчун манбаи ҳаёт ва ободӣ ва ғайра таълиф шудаанд.

Ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ мебошад. Дар даври сеюм ба ҳар як номинатсия як Ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо карда мешавад, ки баробар ба Шоҳҷоиза аст. Ҷоизаи мазкур ба иштирокчие дода мешавад, ки дар асар офаридан, суруд хондан ва мусиқӣ навохтан маҳорат ва истеъдоди фавқулода дошта, маҳорат, истеъдод ва касбияти ӯ аз иштирокчии ҷойи якум болотар аст.

Маблағи Ҷоизаи ифтихории озмун барои ғолиби ҳар номинатсия (номинатсияи композиторӣ ва номинатсияи сарояндагӣ) 50 000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ шуд. Тибқи он Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор мешавад.

Маблағи умумӣ барои ҷойҳои 1, 2, 3-и озмун 2 250 000 сомониро ташкил медиҳад ва барои ғолиби Шоҳҷоиза 70 000 сомонӣ тақдим мегардад.

Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияҳои пешниҳодшуда ҷойҳои якумро сазовор гардидаанд. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти шифоҳӣ ва бачагона, адабиёти ҷаҳон) беш аз 70 фоизи осори назмию насрии тавсияшударо мутолиа ва ҳифз намудааст.

Ҳамчунин низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»   тасдиқ гардид.  Ёдовар мешавем, ки имсол барои бори аввал дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола баргузор карда мешавад.

Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр ташкил ва гузаронида мешавад. Барои ғолибони даври чоруми озмун ҷоиза ва мукофоти зерин аз рӯйи 3 гурӯҳ ва ҳафт номинатсия муқаррар карда мешаванд:

Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва дар байни ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун дар номинатсияҳои математика, физика, химия, биология, география, технологияҳои иттилоотӣ ва ихтироъкорӣ ва навоварӣ барои як ҷойи якум 35 000 сомонӣ, барои 2 ҷойи дуюм 50 000 сомонӣ ва барои 2 ҷойи сеюм 30 000 сомонӣ муқарар карда шудааст.

Омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун аз рӯйи 7 номинатсия соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, тибқи низомнома, барои ҷойи якум гирифтани шогирд ба устоди он 10 000 сомонӣ ва барои ҷойҳои дуюму сеюм гирифтани шогирдон ба 4 омӯзгор 40 000 сомонӣ мукофотпулӣ муқарар гардидааст.

Маблағи Шоҳҷоиза барои ихтироъкорон ва навоварон 70 000 сомониро ташкил медиҳад.