Мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз мулоқоти Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бо сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркияро дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ намуданд.

Саид Нуриддин Саид аз таърихи равобити дипломатии ҳарду кишвар, бахусус дар соҳаи телевизон ва радио ёдовар шуда, зикр намуд, ки байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи телевизон ва радиои Туркия 18 декабри соли 2012 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки он дар вусъат бахшидани ҳамкориҳои соҳавӣ нақши муҳим дорад.

Дар мулоқот масъалаҳо доир ба вусъати ҳамкориҳо дар самти омӯзиши таҷрибаи ҳамдигарӣ, омода кардани мутахассисон дар бахшҳои гуногуни телевизион ва радио, баргузор намудани семинару конфронсҳои соҳавии муштарак, такмили тахассуси ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникӣ, инчунин лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати телевизион ва радиои Ҷумҳурии Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари намояндагии дипломатии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл оид ба фаъолияти телевизион ва радиоҳои Туркия мухтасар маълумот дода, омодагии кишвари худро баҳри ҳамкорӣ дар самтҳои номбаршуда изҳор намуд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Котиби матбуоти Кумита
Иброҳим Аҳмадов