Имрўз кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни Наврўзи байналмилалиро дар сатҳи баланди хотирмон таҷлил намуданд

Наврўзи ҷаҳонӣ,  ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо тамоми ғановату рангоранг, расму оин ва суннатҳои хосаш  эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Имрўз Кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати эҷоддии «Телевизиони Тоҷикистон», Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» ва 4 шабакаи радиои ҷумҳурӣ  маркази техникии телевизион  ва радиои ҷумҳуриявӣ  ҷашни Наврўзи байналмилалиро дар сатҳи баланди хотирмон таҷлил намуданд.  Аз ҷониби ҳайати эҷодии кумита ва зерсохторҳои он дастурхони наврўзӣ ороста шуда, ҳунарҳои марудмӣ, созҳои мусиқӣ ва хўрокҳои миллиро   ба намоиш гузоштанд.  Дастурхони идонааро  хўрокҳои миллӣ, аз қабили ҳафт сину ҳафт шин,  қурутоб, шириниҳои гуногун ва дигар таъоми ба ин ҷашни бостонӣ мансуб  оро ёфта буд.

Дар ҷашни Наврўзӣ намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон иштирок доштанд. Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ ҳайати эҷодии телевизион ва радио ва дигар сохторҳои зертобеъро  ба фаро расии Наврўзӣ ҷаҳонӣ табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи эҷодиашон ҷиҳати тарғибу ташфиқи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои миллӣ бурдиборӣ таманно намуд. Таъкид карда шуд, ки  Наврўз, дарвоқеъ яке аз куҳҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола  дорад. Далели асосии умри тўлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст.  Соли 2010 маҳз баташбусси ҷониби Тоҷиикстон ва як қатор кившарҳои ҳавзаи Наврўз ҷашни наврўз мақоми байналмилалиро касб намуд, ки мояи ифтихор ва сарьбаландии миллати куҳантамаддуни мо мебошад.

Дар баробари пешниҳоди хони идонаи наврўзӣ ҳамчунин барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил гардид, ки писанди иштирокдорон гардид. Дар ин рўз шодиву хурсандии кулли иштирокдоронро ҳадду канор набуд. Кормандони ташкилоту муассиса ва дигар сохторҳои Кумита дар алоҳидагӣ гушаи Наврўзӣ ташкил намуда, занону духтарон бо ба бар намудани либосҳои зебои миллии аз матоҳои атласу адрас ва чакан омодашуда базмгоҳро ҷилои дигар бахшиданд. Садои карнаю сурнай ва дойраю дигар созҳои миллӣ, ки аз ҳар тараф ба гўш мерасид тантанаи наврўзиро боз ҳам хотирмон гардонид. Намяндагон аз хони идона дидан карда,  ба ҳунарму маҳорати кормандони Кумита ва сохторҳои он, алалхусус ба тарзи омода ва пешкаш намудани хўрокҳои милливу риояи суннатҳои хоси наврўзӣ ва ташкили барномаи мукаммали фарҳангӣ  баҳои баланд доданд. Зимни баромад таъкид гардид, ки Воситаҳои ахбори омма дар ташкули фарҳану маданияти мардум, ташфиқу тарғиби унсурҳои миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ басо назаррас аст. Аз ин рў таваҷҷуҳ ба ин соҳа махсус зоҳир гардида, баҳри ҳавасмандии ҳайати эҷодиву техники ин дастгоҳи идеалогии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат чораҳои мушаххас андешида мешавад. Дар ин замина имрўз чанд нафар кормандони ин соҳа бо унвони Аълочии Куматаи телевизион варадио ва инчунин Ифтихорномаву Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ин қадрдонӣ хайати эҷодиро  водор месозад, ки дар оянда низ фаъолиятро дучанд намуда, барои таҳкими истиқлоли давлатӣ ва тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ заҳмат кащанд. Базмгоҳро ҳунармандони гуруҳҳои эҷодӣ консертии Кумата бо суруду таронаҳои дилошуб ва рақсҳои ҷолиби диққат шукуҳи дигар бахшиданд. Дар маҷмуъ Наврўзи байналмилалӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи телевизион ва радиову дигар сохторҳои он дар сатҳи баланди ташкили ба роҳ монда шуда, он хотирмон таҷлил карда шуд.