Activities calendar

02 июни 2022

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси сатҳи баланди марбут ба об наздики 2000 намояндаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд

Наздики 2000 нафар  намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ  дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июн дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе доир мегардад, ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок менамоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иттилоъ медиҳад.

Конфронси дуюми оби Душанбе нақши калидӣ дар баррасии масоили глобалии об хоҳад дошт

Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об бо мақсади баррасии миёнамуҳлати ин даҳсола аз 6 то 9 июни соли равон дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Конфронси дуюми Душанбе ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт. Тавре ба мо иттилоъ доданд омодагии ин чорабинии байналмилалӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.