Activities calendar

29 декабри 2021

Дастурамал барои фаъолият: Дар Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баргузор шуд.

28 декабри соли 2021 дар Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маҷлис баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, узви Комиссияи марказиии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Хидирзода Мағфират, роҳбарони сохторҳои кумита ва доираи васеи рӯзноманигорон ширкат доштанд.