Activities calendar

29 октябри 2021

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист

29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Хуросонро мавриди истифода қарор