Activities calendar

06 июли 2021

Таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

5 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок намуданд.

Дар ҷаласа вобаста ба мураккаб гаштани вазъ дар сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи сарҳади давлатӣ, мавриди баррасии аъзои Шӯрои амнияти кишвар қарор дода шуд.