Activities calendar

11 октябри 2020

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Раванди овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ дар мамлакат ба охир расид

Раванди овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ дар мамлакат  хотима ёфт. Натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пагоҳ, 12 октябри  соли 2020 эълон карда мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии ТоҷикистонБахтиёр Худоёрзода иттилоъ дод.

Дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ оғоз гардид

Соати 6:00-и субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ дар саросари Тоҷикистон интихоботи Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, иттилоъ медиҳанд хабарнигорони АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР ҶТ), тибқи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мамлакат барои ташкил ва гузаронидани интихобот