Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати соли нави мелодии 2017
Нашр шуд. Шан, 31/12/2016 - 23:02Ҳамватанони азиз!
Баъд аз чанд лаҳза соли 2016, ки дар таърихи навини мардуми Тоҷикистон бо хотираву рӯйдодҳои неки ободиву рушди Ватани азизамон сабт хоҳад шуд, сипарӣ гардида, соли нави мелодии 2017 фаро мерасад.
Ба ин муносибат, кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Тоҷикистони азизамон оромиву хушбахтӣ