Activities calendar

16 июни 2016

Рӯзноманигори шинохта Шарифи Мисайзод аз олам даргузашт

Шарифи Мисайзод,  рӯзноманигори шинохтаи тоҷик субҳи имрӯз дар  50-солагӣ аз олам даргузашт. Тӯли чанд соли охир ӯро бемории қалб азият медод, вале тавре ҳамкорон ва дӯстонаш мегӯянд, ҳатто як рӯз ҳам фаъолияти эҷодии худро қатъ накардааст.
Фаъолияти рӯзноманигории Шарифи Мисайзод  ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта шуруъ гардида, ӯ аввал дар идораи «Ахбор»  ва баъдан дар идораи барномаҳои сиёсӣ ва байналхалқии радиои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ӯ  аз муҳаррирони