Activities calendar

03 июни 2016

Озмуни «Андалеб-2016» дар шаҳри Хуҷанд ҷамъбаст гардид

Дар Театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» бо баргузор намудани чорабинии калони фарҳангӣ ҷамъбаст гардид. Қабл аз оғози чорабинӣ фарҳангиёни шаҳр дар саҳни театр намоиши ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла намоиши нигораҳои осорохонаи шахсии шаҳрванд Нозимҷон Усмоновро ташкил карданд, ки аз онҳо раиси шаҳр Шариф Шарифзода ва ҳамроҳонаш дидан карда, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Пас аз шиносоӣ бо намоиши ҳунарҳои халқӣ Шариф Шарифзода гуфт, ки мардуми сарбаланди