Activities calendar

13 октябри 2014

Иштирок дар тантанаҳои бахшида ба солгарди 19-уми Гвардияи миллии Тоҷикистон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, дар тантанаҳои бахшида ба солгарди 19-уми ин воҳиди махсуси низомӣ иштирок намуд.
Дар саҳни ҳавлӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмонро Фармондеҳи Гвардияи миллӣ Бобоҷон Ҷамолзода ва роҳбарони дигар сохторҳои қудратӣ ва