Activities calendar

01 октябри 2014

Барқияи табрикотӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Син Ҷинпин

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Раиси  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин Син  Ҷинпин барқияи табрикотӣ ирсол  дошт, ки дар  он,  аз ҷумла,  чунин  гуфта  мешавад:
«Муҳтарам ҷаноби  Раис,
65  умин  солгарди  рӯзи ташкилёбии Ҷумҳурии  Мардумии  Чин ба ман имконияти  гуворо  мебахшад, ки  Шумо  ва  ҳамаи халқи  дӯсти  Чинро  бо  ин воқеаи  фархунда  сидқан муборакбод  намоям.

Натиҷаҳои сафари кории Сарвазири мамлакат ба Ню - Йорк

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади иштирок дар Иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии СММ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди ин созмон, инчунин мулоқоту вохӯриҳо бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои иштирокчии иҷлосия, роҳбарияти СММ ва сохторҳои он бо сафари корӣ дар шаҳри Ню Йорки ИМА қарор дошт.
Ҳайати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода