Activities calendar

13 сентябри 2014

Нақшаҳои азими ду кишвари ҳамсоя ва имкони воридшавии 6 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон

Нимаю дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин агрегати дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо ба кор дароварда, ба сохтмони навбати дуюми ин иншооти азими энергетикӣ ва ҳам бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Чин расман оғоз бахшиданд. Мавриди зикри хос аст, ки дар рафти сохтмони ин иншоот ва татбиқи амалии ҳамаи санадҳои миёни

Суханронӣ дар маросими оғози сохтмони қитъаи тоҷикистонии лӯлаи байнидавлатии газ «Осиёи Марказӣ - Хитой»

Муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Тсинпин!
Ҳозирини гиромӣ!
Дӯстони азиз!
Имрӯз мо шоҳиди воқеаи дорои аҳамияти бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва таърихӣ – маросими оғози сохтмони қитъаи лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ - Хитой» дар қаламрави Тоҷикистон мебошем.
Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи гази «Тоҷикистон – Хитой» як сол қабл дар

Суханронӣ дар маросими бакорандозии мошини дуюми навбати аввал ва оғози сохтмони навбати дуюми Маркази гармию барқи «Душанбе - 2»

Муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин ҷаноби Си Тсинпин!
Дӯстони азиз!
Ҳамагӣ ҳашт моҳ қабл дар ин макон агрегати аввали навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Ва инак, имрӯз мо бо шарикони хитоии худ агрегати дуюми онро ба кор андохта, ба сохтмони навбати дуюми дорои иқтидори бештари ин иншоот ҳусни оғоз мебахшем.

Шоми дӯстӣ ба истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ хонум Пен Лиюан

Бегоҳии дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки бо нахустин сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дар қароргоҳи шаҳрии худ зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.
Хотиррасон бояд намуд, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсараш, бонуи аввали Чин Пен Лиюан ташриф овардааст.

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

Имрӯз ҳузури Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон дар доираи барномаи нахустин сафари давлатии ӯ ба кишвари мо идома ёфт.
Маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баргузор гардид. Ба ин муносибат дар саҳни Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,
Дӯстони азиз,
Мо чанде қабл натиҷаҳои пешакии нахустин сафари давлатии Раиси Чумҳурии Мардумии Чин ҷаноби ниҳоят гиромӣ Си Ҷинпинро ба Тоҷикистон ҷамъбаст кардем.
Мутмаинам, ки сафари мазкур ба рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии миёни кишварҳоямон набзи қавии тоза мебахшад.

Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи тақвияти минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ

Бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Тзинпин 12-14 сентябри соли 2014 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом дод.
Сарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ҳолат ва дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд, оид ба масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар намуда, дар мавриди

Оғози сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

Имрӯз ҳузури Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон дар доираи барномаи нахустин сафари давлатии ӯ ба кишвари мо идома ёфт.
Маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баргузор гардид. Ба ин муносибат дар саҳни Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Мусоҳиба бо намояндагони воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Мардумии Чин

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ намояндагони воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Мардумии Чинро барои мусоҳиба ба ҳузур пазируфт.
Дар мусоҳиба, аз ҷумла хабарнигорон аз агентии иттилоотии Синхуа, рӯзномаи Женмин Жибао, телевизиони марказии Чин (CCTV), радиои байналмилалии Чин ва дигар расонаҳои ин давлат, ки аксараш нуфузи ҷаҳонӣ доранд, ширкат доштанд.