Activities calendar

11 сентябри 2014

Ташрифи Ҳомид Карзай ба Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 11 ва 12 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, шоми имрӯз вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Меҳмони олимақомро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони

Мулоқот бо Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

Зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Мо бовар дорем, ки муносиботи бисёрҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ чун намунаи ибратбахши таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ боқӣ монда, ба манфиатҳои аслии кишварҳои мо ва

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов

Мулоқоти басо муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов анҷом дод.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Бешубҳа, муносибот бо Узбекистон барои Тоҷикистон аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор меравад”. Ҳамчунин таъкид гардид: “Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки мо ба таҳкими муносиботи баробарҳуқуқ бо Узбекистони бародар, тавсиаи арсаҳои ҳамгироӣ

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмӣ, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуд.
Вохӯрии аввал бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ баргузор гардида, зимни он масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Владимир Путин ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 11 ва 12 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, пас аз зуҳри имрӯз вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Меҳмони олиқадр-Владимир Путинро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва

Ташрифи Ислом Каримов ба Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 11 ва 12 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, пас аз зуҳри имрӯз вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири

Мулоқот бо Мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азиз

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азизро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат,  сармоягузорӣ ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.
Роҳҳои таҳкими ҳамгироии иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, мусоидат ба татбитқи амалии

Мулоқот бо Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж, ки ба ҳайси роҳбари яке аз давлатҳои нозир дар Созмони ҳамкории Шанхай барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи олии ин созмон ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд.
Ҳарду аз ҷониб аз ҳамгироии сиёсии ду кишвар

Маркази матбуотӣ дар КМТ фаъол аст

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 11 ва 12 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) Маркази матбуоти ҷаласаи номбурда ташкил шудааст.
Барои инъикоси чорабинии мазкур, сари вақт дастрас намудани маълумоти кофӣ аз ҷараёни баргузории ҷаласаҳои он, таҳияи мақолаю

Созмони ҳамкории Шанхай ва дастовардҳои Тоҷикистон

Даҳаи аввали асри 21 –ум шоҳиди дигаргуниҳои куллии сиёсию амниятӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷаҳон ба шумор меравад. Зеро имрӯз, ки ҷомеаи инсонӣ дар рӯ ба рӯи таҳдидҳо ва тағйирпазириҳо рӯҳиву равонӣ қарор дорад, давлатҳои ҳаммарзу ҳампаймон ва дорои мушоракат ва ҳамкориҳо хуб дарк намудаанд, ки ҳамгироиву ҳамшарикӣ метавонад, баъзе аз мушкилот ва қазияҳоро бартараф намояд.
Бояд гуфт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай аз