Activities calendar

10 сентябри 2014

Душанбе - маркази бузурги ҷуғрофиёи сиёсӣ

Ду рӯзи оянда шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази бузурги ҷуғрофиёи сиёсии ҷаҳонӣ мубаддал мегардад. Дар ин ҷо рӯзҳои 11 ва 12 сентябри соли 2014 ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуда, Душанбе мизбони сарони даҳ кишвари ҷаҳон, вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарону намояндагони созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ мегардад.

«Сангтӯда – 2» пурра фаъол гардид!

Ин имкон медиҳад, ки тавлиди солонаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна то 500 миллион киловатт-соат афзуда, ҳаҷми камбуди барқ дар фасли сармо 15% кам шавад.

Татбиқи барномаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон бо баргузории маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт.