Activities calendar

08 сентябри 2014

Паёми телевизионӣ ба ифтихори 23 - солагии Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!
Бисту се сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкоронаи моро, манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад.