Activities calendar

03 сентябри 2014

Суханронӣ дар маросими ба истифода супоридани терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Ҳозирини гиромӣ ва меҳмонони арҷманд!
Қабл аз ҳама тамоми кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ, мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони гиромиро ба муносибати ифтитоҳи терминали нави фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, ки дар остонаи ҷашни барои ҳар яки мо азизу муқаддас – Рӯзи истиқлолияти давлатӣ сурат мегирад, самимона табрик мегӯям.
Ин рӯйдоди хотирмон ҳамчунин ба санаи 90 –