Activities calendar

14 июли 2014

Мулоқот бо Мушовири калони ширкати “Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷе

14.07.2014 17:09, шаҳри Душанбе  
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири калони ширкати “Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷеро, ки бо фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур машғул аст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли пахта ва коркарди саноатии он баррасӣ шуд.

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд

14.07.2014 11:27, шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Табрику таҳнияти самимии мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии ҷашни миллии Ҷумҳурии Франсия – солгарди ба даст овардани Бастилия қабул фармоед.