Activities calendar

20 майи 2014

Ташриф ба қароргоҳи ширкати Ҳайчен групп дар шаҳри Шанхай

20.05.2014  Дар шаҳри Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи ширкати чинии Ҳайчен групп ташриф оварда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти ширкат Ҳуан Ҷянжун самимона истиқбол гирифт. Шиносоӣ бо фаъолияти ин ширкати бонуфуз нахуст дар намоишгоҳи он сурат гирифт.
Зимни суҳбат бо роҳбарияти ширкат, аз ҷумла аз фаъолияти панҷсолаи

Маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳи мусаввараҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

19.05.2014. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу намоишгоҳи мусаввараҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ифтитоҳ намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари раисикунанда дар Созмони ҳамкории Шанхай ифтитоҳи ин намоишгоҳи бошукӯҳро ба ҳозирин ва кулли мардуми кишварҳои аъзои ин созмони бонуфузи минтақавӣ табрику таҳният гуфт.

Мулоқот бо Котиби кумитаи Ҳизби коммунисти музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Ло Баомин

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби кумитаи Ҳизби коммунисти музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳбари ин музофот Ло Баомин мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофоти тараққикардаи Чин баррасӣ шуд.