Ахбор

Байни Тоҷикистон ва Туркманистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Туркманистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон рушд меёбанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо сиёсати созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати ояндадори «Дарҳои боз» тавонист фазои дӯстона ва муносибатҳои густурда бо мамлакатҳои ҳампаймон ва ҳамрадифашро барқарор намояд.Аз ҷумла, Тоҷикистон бо Туркманистон шарикии стратегӣ ва ҳамкории густурдаро дар соҳаҳои гуногун барқарор намудаанд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуд

4 апрел дар Қасри миллат пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Страницы