Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат Пешвои миллат кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмааи «Крокус Сити Холл» қатъиян маҳкум карда, таъкид намуданд, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.

Президенти Тоҷикистон, бо таманниёти шифои оҷил ба осебдидагон, таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ барои аъзои оила ва наздикони фавтидагон бар асари фоҷеаи даҳшатангез иброз намуданд.

Сарвари давлати мо дар лаҳзаҳои ҳузнангези мотами умумимиллӣ дар Федератсияи Русия ҳамраъйии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мардуми бародари Русия изҳор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

НАЗАРИ КОРШИНОС. Имрӯз Тоҷикистон омили муҳими суботи сиёсӣ дар минтақа гардидааст

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ва ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ бо шарикони стратегӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, имиҷи сиёсӣ ва эътибори байналмилалии давлати соҳибистиқлоламонро дар арсаи ҷаҳонӣ бамаротиб боло бурд.

22 МАРТ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар ҷаҳон давлати ташаббускор дар ҳалли масоили марбут ба об эътироф гардидааст

Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об- «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77 доир ба эълон намудани Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 14 декабри соли 2022 қабул гардид, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқ

Страницы