Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ
Нашр шуд. Якш, 26/06/2016 - 21:12Ҳамватанони азиз!
Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати сулҳпарвари мо падидаи нодиру пурарзиши таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар ва самараи ҷаҳду талошҳои созандаи фарзандони бонангу номуси тоҷик буда, ҳар сол дар фазои орому осуда, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва вусъати бесобиқаи иқдому амалҳои созанда таҷлил мегардад.
Ба ифтихори ин ҷашн тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро шодбош гуф