Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Нашр шуд. Пан, 07/03/2024 - 09:187 марти соли 2024, шаҳри Душанбе
Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, яъне ҷашне, ки барои ҳамаи мо бисёр азиз мебошад, самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, хонаи обод ва рӯзгори осуда орзу менамоям.
Басо рамзист, ки ин рӯзи муборак ҳар сол дар рӯзҳои нахустини бедоршавии табиат, бо накҳату нафосати баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад.
Зеро Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад.
Модар, нақш ва қадру манзалати ӯ дар ҳаёти инсоният аз ҷониби шоирону нависандагон ва олимону донишмандони халқу миллатҳои гуногуни олам хеле фаровону самимона васфу тасвир гардидааст.