Тасдиқи Ангораи ҷашни Наврӯзӣ

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯзӣ тасдиқ карда шуд.
Ангораи наврӯзӣ дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ истифода гардад.
Вазорату кумитаҳо, муассисаву ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ҳангоми тантанаҳои наврӯзӣ аз ин ангора истифода намоянд.