ТАБРИКОТИ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам кормандони соҳаи телевизион ва радио,

Имрўзҳо мардуми шарифи Ватани азизамон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва ойини бостонии миллӣ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд.

Бинобар ин, бо истифода аз фурсат фарорасии ин ҷашни муқаддаси миллиамонро аз номи роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо самимона табрик мегўям.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва илмию фарҳангӣ мушарраф шуд.

Пеш аз ҳама, заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа ва давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ гузошта шуда, устувории онҳо таъмин гардиданд.

Яъне, дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, сарфи назар аз мушкилиҳои мавҷуда, заминаҳои устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ гузошта шуданд ва онҳо имкон медиҳанд, ки рушди босуръати ҷомеа минбаъд низ таъмин гардад.

Бо вуҷуди мушкилот ва буҳронҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ дар ҷаҳон телевизион ва радиои Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи муқтадири идеологии давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар соҳаҳо ба пешравиҳои зиёд ноил гардид, ки таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани  шабакаҳои нави телевизиону радио ва марказҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизудалии давлатию хусусӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад. 

Ҳоло дар мамлакат 94 шабакаи телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла 14 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 34 телевизион (аз ин 13 телевизиони ноқилӣ,   3 телевизиони IP) ва 21 радиои хусусӣ, инчунин, 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият дорад.

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ танҳо як шабакаи телевизион ва як шабакаи радио мавҷуд буд, ки ин наметавонист фазои иттилоотии мамлакатро пурра намояд. Аз сўйи дигар, бо ингуна иқтидор мо наметавонистем дар муқобили ҷангҳои иттилоотӣ истодагарӣ намоем.  

Бинобар ин, дар доираи ин таҳаввулот ва коҳиш додани таъсири кишварҳои дигар дар фазои иттилоотии Тоҷикистон  барои мукаммалгардонии ин фазо бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи телевизион ва радио таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуҷуд омад.

Аз ҷумла, дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Радиои Тоҷикистон ва “Телевизиони Тоҷикистон” шабакаҳои радиоии «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», «Фарҳанг», Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон - «Баҳористон», Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо», Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон», шабакаҳои телевизионии «Футбол», телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» ва 14 апрели соли 2021 Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» дар вазъияти тантанавӣ расман ба фаъолият оғоз намуданд.

Бар замми ин, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқололияти давлатӣ ба сифати муассисаи мустақили давлатӣ ба фаъолият шурўъ намудани телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз” ва то охири соли равон ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз гомҳои устувори рушди соҳа шаҳодат медиҳанд.

Бояд гуфт, ки ҳар кадоми ин шабакаҳои телевизион ва радио дар инъикоси дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон, муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар кишварҳои хориҷӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат, иттиҳоди ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон, арзишҳои миллӣ, пойдории сохтори конститутсионӣ, сатҳи донишу фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа саҳми назаррас доранд.

Ҳамкорони азиз,

Қобили таъкид аст, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир фаъолияти шабакаҳои телевизионии мамлакат бояд беш аз ҳарвақта тақвият дода шавад, зеро дар замони имрўза муборизаву рақобатҳои иттилоотӣ, ки ҳосили ҷараёни ҷаҳонишавӣ мебошад, ҷойи дигар рақобатҳоро гирифтааст.

Тавре Пешвои миллат зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии «Варзиш», «Синамо» ва «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» рўзи 1-уми марти соли 2016 иброз доштанд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд. Ин дастгоҳи муқтадири иттилоотӣ дар бобати сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ, тарбияи ахлоқии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои таърихиву фарҳангии мардум ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, инчунин ахбору навигариҳо аз дохилу хориҷи кишвар мавқеи асосӣ дорад».

Яъне, имрўз ҳар давлат ё миллате, ки дар муборизаҳои иттилоотӣ пирўз меояд, дар раванди ҷаҳонишавӣ манфиатҳои давлату миллати худро ҳимоя карда метавонад.

Ин моро водор месозад, ки аз ҳар вақти дигар ҳушёртар бошем, вазифа ва масъулияти худро содиқона иҷро намоем.

Бо истифода аз фурсат бори дигар ҳамаи шуморо ба фарорасии ҷашни муқаддаси миллиамон – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегўям.

Бигузор, осмони Тоҷикистон ҳамеша беғубор,

Истиқлолияти давлатии мо бардавому боз ҳам устувор,

Пешвои муаззами мо доим саломату муваффақ

ва мардуми азизамон зиндагии боз ҳам ободу зебо ва осоишта дошта бошанд.

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ муборак!

Бо эҳтиром,
Саид Нуриддин Саид,
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон