Иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Якуми Аврупоӣ дар шаҳри Боку

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Якуми Аврупоӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуд.
Қабл аз оғози маросими ифтитоҳи ин чорабинии бошукӯҳи варзишӣ, ки бори нахуст баргузор мегарданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони давлатҳою ҳукуматҳо ва меҳмонони воломақоми ташрифовардаро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев истиқбол гирифта, хайра мақдам гуфт.
Тавре иттилоъ медиҳанд, Бозиҳои Якуми Аврупоӣ дар шаҳри Боку-пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар сатҳи баланди ташкилию варзишӣ ба роҳ монда шуда, аз 12-ум то 28-уми моҳи июн идома хоҳанд дошт.
Давоми 2 ҳафта танҳо дар сатҳи роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон меҳмонони олимақом ба шаҳри Боку ташриф меоранд.
Дар шаҳри Боку қариб 6 ҳазор варзишгар дар 20 намуд бозӣ, ки 16-тоаш намудҳои олимпӣ мебошанд, аз 49 кишвар қувваозмоӣ хоҳанд кард.