БЛОГ ЧИСТ ВА БЛОГЕР КИСТ? Назари коршиносон оид ба танзими муносибатҳо дар фаъолияти корбарони интернетӣ

Ба наздикӣ дар пойтахт як сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, духтари 18-сола, блогер, барои аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ (Instagram, TikTok ва гурӯҳи Imo) паҳн намудани маводҳои зидди ахлоқ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Имрӯзҳо дар бораи блогерҳо гуфтумонҳо зиёд шудаанд. Блогерҳо мехоҳанд ҳуқуқҳои журналистонро дошта бошанд, вале уҳдадориҳои журналистонро бар дӯш гирифтан намехоҳанд. Аммо аз рӯи қонун, блогерҳо ҳам, чун ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд барои ҳар сухани худ масъулияту ҷавобгарӣ дошта бошанд.

Блог чист ва блогерҳо кистанд? Онҳо чӣ мегӯянду менависанд, чиро намоиш медиҳанд? Бо онҳо чӣ бояд кард?

Тибқи маълумоти масъулини Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то моҳи июли соли равон дар кишвар 32 адад субъектҳои соҳибкорие, ки тавассути сомонаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд, ба қайди давлатӣ гирифта шуда, давоми се моҳи аввали соли равон аз ҷониби субъектони мазкур 112,4 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо ба буҷет пардохт карда шудааст.

Вақтҳои охир истилоҳи блог ва блогер серистифодатарин калимаҳо миёни хурду бузурги кишвар гардида, нафарони гуногун дар шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ сомонаҳои худро кушодаву ба ҳар тарзе ба худ хонанда ҷалб менамоянд. Яке аз мӯд, санъат, саёҳат ҳарф мезанаду дигаре аз фарҳанг, омӯзиши забонҳои хориҷиву варзиш. Сеюмӣ бо наворгирии лаҳзаҳои ногувор ё ҳаҷвомез миёни хонандаи фазои маҷозии худ мавқеъ пайдо намудаву кӯшиш ба харҷ медиҳад, то шумораи обуначиёнашро рӯз то рӯз бештар созад.

Падидае, ки миёни ҷомеаи мо дар ҳоли рушд аст, чӣ пайомадҳое хоҳад дошт? Ва оё метавон ҳамаи он чизеро, ки чун блог корбарон дар саҳифаҳои худ ба хонандагонашон пешбарӣ менамоянд, манфиатовар донист? Шарҳи ин ва дигар масоилро дар таҳлили хабарнигори АМИТ «Ховар» бо коршиносони соҳа пешниҳодатон месозем.

Дар бораи блог ва богерҳо

Блог — сайтест, ки шахс дар он пайваста ақидаҳояшро доир ба масъалаҳои рӯзмарра менависад, сабтҳо ё маводи худро дар шаклҳои гуногун дастраси омма мегардонад. Блог калимаи англисӣ буда, аз «web log» чун «blog» падид омадааст. Дар Википедия — қомуси ҳамагонӣ блог ба маънои «маҷаллаи интернетии рӯйдодҳо, рӯзномаи интернетӣ ва онлайн-рӯзнома» тавзеҳ шудааст. Мафҳуми блог (ё веблог) аз соли 1997 дар олами маҷозӣ аз тарафи Ҷорн Баргер ворид шудааст ва Петер Мерҳолз соли 1999 онро ба қолаб дароварда, инкишоф додааст. Аз соли 2005 то 2007 марҳилаи асосии шуҳрат ёфтани блогҳое мебошад, ки аз ҷониби ашхоси алоҳида сохта мешуданд. Ин тамоюл боиси рушд ёфтани муҳтавои маводи журналистӣ дар интернет дар мисоли блогҳо шуд.

Шумораи аниқи блогнависони тоҷик муайян карда нашудааст, вале соли 2012 Созмони ҷаҳониии хизматрасонии интернет миқдори блогҳоро дар ҷаҳон 600 ҳазор эълом намуда буд. Ташкили аввалин пойгоҳ ё портали умумии блогҳо бо нишонии Blogiston.tj дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Рустам Гулов, яке аз блогерони тоҷик имконпазир шуд. Ба гуфтаи ӯ, блогро метавон бо дафтарчаи хотираҳое, ки баъзе нафарон то пайдоиши интернет доштанд, муқоиса кард. «Дар он дафтарчаҳо одамон дар бораи ҳодисаҳои ҳамарӯза фикру ақида ё эҷодиёти худро рӯи қоғаз меоварданд. Бо дастрас шудани интернет ба оммаи мардум тахминан охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта блогҳои аввалин пайдо шуданд, ки одамон дар онҳо аз ҳаёти худ қисса мекарданд. Ҳамин тариқ, блогҳо ба майдон омаданд ва муаллифони онҳоро блогер меномидагӣ шуданд. Албатта, кори блогерҳо бе хатогӣ нест, вале ҳеҷ як ои дунё битамом орӣ аз хато буда наметавонад. Саҳву хато таҷриба ва сабақ медиҳад, то минбаъд онҳо ислоҳ карда шаванд»,-мегӯяд ӯ.

Муҳимтарин масъала барои блогҳои тоҷикистонӣ- оммавӣ кардан ва ба соҳаҳои гуногун ихтисос додани онҳост, зеро то кунун қисми зиёди блогҳо ба шахсони алоҳида тааллуқ доранд ва то ҳол блогҳои тоҷикӣ чун ҷузъе аз рӯзноманигории бархат (онлайн) мавқеъ наёфтаанд. Чанд соли охир суръати ин раванд сусттар гардид. Коршиносони интернетӣ ва блогнависон ин омилро ба маъруфияти шабакаҳои иҷтимоӣ тавъам медонанд. Ба андешаи муҳаққиқи журналистикаи интернетӣ Фирдавси Низом, ҳоло мафҳуми блогер дар фазои маҷозӣ хеле серистифода гардидааст. «Блог дар афкори аксарият асосан ба нафароне рабт дода мешавад, ки дар видеопортали YouTube ва шабакаҳои иҷтимоӣ (умдатан Инстаграм ва Тик-Ток) фаъоланд. Дар контексти илмӣ онҳо ҳамчун видеоблогер муаррифӣ мешаванд. Мутаассифона, баъзе аз онҳое, ки худро «блогер» муаррифӣ мекунанд, ҳеҷ идеяи солиму малакаи касбӣ надошта, масоили ҳуқуқӣ, суннатҳои ҷомеа, манфиати миллӣ ва арзишҳои инсониро поймол месозанд»,-изҳор медорад муҳаққиқи тоҷик.

Дар робита ба ин Рустам Гулов чунин мешуморад, ки то чӣ андоза ба манфиати истифодабарандагон будани блогҳо аз мавзӯъ ва муҳтавои онҳо, инчунин аз сифати кори модераторони пойгоҳҳои блогӣ вобаста аст. «Дар YouTube модератсия нисбатан хуб аст ва дар баробари наворҳои гуногуни фароғатӣ хеле маводи зиёди таълимӣ мавҷуданд. Агар шумо дар ҳақиқат хоҳиши омӯхтани ягон мавзӯъро дошта бошед, бо эҳтимоли зиёд онро аз YouTube дарёфт мекунед. Имрӯз дар ин пойгоҳ имконияти омӯхтани забонҳои хориҷӣ, илмҳои нуҷуму физикаву химия, асосҳои кор бо барномаҳои гуногуни компютерӣ ва барноманависӣ мавҷуданд»,-афзуд Р. Гулов.

Ҳама гуна даромад андозбандӣ мешавад

Бештари коршиносон бар ин назаранд, ки ангезаи аслии талошҳо барои машҳур шудан дар интернет зери лақаби «блогер» ва ҷамъоварии аъзо (обуначиён)-у лайк омили иқтисодӣ дорад. Тавре блогерони тоҷик ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз доштанд, даромади воқеие, ки ҳар як блогери навкор метавонад ба он умед кунад, дар як моҳ аз чандсад то ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аммо барои расидан ба ин сатҳи даромад на кам аз як сол меҳнат кардан зарур аст. Рустам Гулов чунин мешуморад, ки роҳҳои маблағкоркунӣ тариқи блогҳо зиёд нестанд, зеро одатан, ин намоиши реклама ё фурӯши молу маҳсулот тариқи блог аст. Ба гуфтаи ӯ, ин имконият замоне пайдо мешавад, ки блогер аллакай машҳур мешавад ва рекламадиҳандагон худашон наздаш меоянд, ё ин ки рекламаро худи пойгоҳи блогҳо нишон медиҳанд. Барои пайдо кардани чунин имконият вақту меҳнати зиёд зарур аст.

Агар ин нафарон соҳиби хонандагони зиёд гардиданду фаъолияти соҳибкориашонро ба роҳ монданд, пас бояд, ки онҳо ба таври қонунӣ амал кунанд. Ба гуфтаи масъулини Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ тавассути шабакаи Интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ чунин шахсони воқеӣ мутобиқи талаботи моддаи 34 Кодекси андоз уҳдадор мебошанд, ки худро ба сифати соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба қайд гиранд. Ҳамзамон оид ба ҳаҷми муомилот ва даромадҳои тавассути шабакаи Интернет гирифтаашон ба мақомоти андоз эъломия ва ҳисоботи зарурӣ пешниҳод намуда, пардохти андозҳоро ба буҷет таъмин намоянд.

14 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Кабирзода зикр намуд, ки аксари блогерони тоҷик дидаву дониста, аз пардохти андоз саркашӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, «ситораҳои интернет» аз мушкилоти қонунгузорӣ истифода мекунанд, аммо вақти онҳо низ ба зудӣ фаро мерасад. Кабирзода таъкид кард, ки мақомот хуб медонанд, ки кӣ чӣ қадар даромад ба даст меорад, аммо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имкон намедиҳанд, ки блогеронро дуруст андозбандӣ намоянд. «Мо ҳоло таҷрибаи кишварҳои дигарро дар ин замина омӯхта истодаем ва қонунҳоро такмил хоҳем дод. Чаро як кас бояд [барои даромадҳояш] андоз пардохт кунаду дигаре не?!» – иброз намуд намояндаи Кумитаи андози Тоҷикистон.

Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайҳомид Шарипов иброз медорад, ки ҳоло фаъолияти ин табақа дар аксар ҷомеаҳои кишварҳои тараққикарда дар асоси санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ танзим мегардад. «Албатта, ман гуфтанӣ нестам, ки дар аксар кишварҳо қонуни махсус дар бораи блогерҳо мавҷуд аст. Масалан, дар Федератсияи Россия аз моҳи майи соли 2014 дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоот» танзими фаъолияти блогерҳо ба роҳ монда шудааст. Ҳоло мо низ дар ин замина корҳои назаррас анҷом додаем, масалан ниҳодҳои дахлдори давлатӣ қонун «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот»-ро мавриди таҳлили муқоисавӣ ва ҳуқуқӣ қарор дода, танзими муносибатҳо доир ба фаъолияти блогерҳоро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додаанд»,-гуфт ӯ.

Вобаста ба ин масъала Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки Марказ дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот»-ро ҳамроҳ бо қонуни моделии ИДМ «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» мавриди таҳлили муқоисавӣ ва ҳуқуқӣ қарор дода, таҳқиқоти муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузорӣ гузаронид. “Зарурати танзими муносибатҳо доир ба фаъолияти блогерҳоро мо оянда мавриди омӯзишу баррасӣ қарор медиҳем” – таъкид намуд ӯ.

Сайҳомид Шарипов чунин мешуморад, ки дар шароити муосир, ки фазои иттилоотӣ ба майдони таблиғу ташвиқи дастовардҳои инфиродӣ ва ҷамъиятӣ табдил ёфтааст, маҳдуд намудани фаъолияти ин ё он табақа аз имкон дур аст. «Аммо бо дарназардошти бе таҳрир пахш намудани иттилоот аз ҷониби блогерҳо ва ба ин ё он ниҳод, нашрия ва рӯзнома мутаалиқ набудани фаъолияти онҳо, мо танҳо бояд фаъолияти онҳоро бо назардошти танзими фаъолияти иттилоотӣ, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, таъмини шинохти мусбати кишварамон дар фазои иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ танзим намоем»,-иброз дошт коршинос.

Блогерон чӣ мегӯянду менависанд ва нишон медиҳанд

Дар замони рушди рақобатҳои шадиди иттилоотӣ истифода аз матолиби муштариёни расонаҳо ба воситаи хеле муҳими афзоиши аудиторияи ҳамагонӣ табдил ёфтааст. Воситаи асосӣ дар рушди он ҳамоно интернет аст. Блогерон аз ин восита васеъ истифода бурда, сафи хонандагони худро бо матолиби гуногуни худ зиёд мегардонанд. Бештари блогҳое, ки дар ҷомеаи мо дидаву хонда мешаванд, аз паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа қисса мекунанд. Блогерони мо ҳар яке вобаста ба масъалаҳое, ки майлу рағбати хонандагон ба онҳо бештар аст, ҳарф мезананду пост мемонанд. Барои мисол, блогери фаъол Одинамуҳаммад Одинаев, ки дар шабакаи YouTube саҳифаи худро дорад, амсоли видеороликҳо оид ба қиссаву ҳикояҳои пандомез аз осори Ҷалолуддини Балхӣ «Маснавии Маьнавӣ», хонандагони зиёдеро пайдо намудааст. Тавре худ зикр намуд «вақте ки ягон байте аз Мавлоно ё Ҳофиз ё қиссаеро мехондам ва ҳаловате мебурдам, панди хубе барои зиндагии худам мегирифтам, фикр мекардам чаро онро бо дигарон низ бахш накунам. Чун медонам, ки имрӯз иддае бо сабабе ба китоб дастрасӣ надоранд ё агар дошта бошанд фурсат надоранд барои мутолиа кардан. Ин фурсат ба ман даст дод ва хостам панду асиҳати бузургони илму адабиётамон ба гӯши ин нафарон низ расад. Он чизе ки бузургони мо гуфтаанд, набояд дар миёни китобҳо ҳамчун ҳарфҳои беҷон хоб кунад. Бузургонамон ҳикмату суханҳоро барои он гутфаанд, ки мо дар зиндагиамон истифода намоем»,-изҳор дошт ӯ.

Дар баробари ин блогеронии зиёде ҳастанд, ки урфу одат ва фарҳанги миллии тоҷиконро, новобаста дар дохил ва ё хориҷи кишвар буданашон ба тамоми оламиён бозгӯӣ намуда, миллати моро мешиносонанд. Барои мисол, дар Инстаграм Ҷамшед Брео- тоҷике, ки дар ИМА зиндагонӣ мекунад, саҳифаи аз соли 2020 «culture_of_tajiki»-ро мебарад. Ӯ саҳифаи худро ба Тоҷикистон бахшидааст. Ҷамшед ба василаи нашри видеоҳои ҷолибу диданӣ ҷаҳониёнро бо фарҳанги тоҷикон шинос месозад. Тавре ӯ худ мегӯяд, мудом миёни дӯстонаш доир ба Тоҷикистон ҳарф мезанаду бо онҳо пурсишҳо мегузаронад. Ҳамчунин дар саҳифаи ӯ мо метавонем видеоҳои фароғатии зиёдеро дар мавзӯи мусиқиву рақс ва таърихи кишварамон бубинем. Ӯ ҷашнҳои миллии тоҷикон, аз ҷумла Наврӯзро ҳатто дар Донишгоҳаш дар Луизиан зикр менамояд.

Рустам Гулов бар ин назар аст, ки аз саҳифаҳои блогерон ба манфиати худ истифода бурдан аз худи корбарон вобастагӣ дорад. «Чандин нафаронеро медонам, ки YouTube-ро бо мақсади омӯзиш васеъ истифода мебаранд. Агар ба нафаре, ки дар рушди шахсии худ ҳавасманд аст, имкони истифодаи интернетро диҳед, вай албатта, онро ба манфиати худ истифода мебарад, лекин агар одами танбалро ба китобхона баред ҳам, ӯ ягон китобро ҳатто варақ намезанад»,-мегӯяд ӯ.

Ӯ таъкид медорад, ки дар қисмати тоҷикзабони интернет ин падида ба таври зарурӣ ҳоло рушд накардааст, аммо ҳаракат дар ин самт ҳаст. «Ҷавонони мо ба он майлу рағбат доранд, ҳаракат карда истодаанд. Албатта, корҳояшон аз нигоҳи сифат камбудӣ дорад, аммо ин чизи маъмулист. Ба гуфти бузургон, «он нафаре хато намекунад, ки ягон кор намекунад». Маҳз тавассути роҳ додан ба иштибоҳҳо блогерони мо рушд мекунанд»,-изҳор медорад Р.Гулов.

Ба ҷои хулоса

Рустам Гулов блогро бо дафтарҳои хотиравии шахсӣ муқоиса кардааст, вале «дафтарҳои хотира» моли шахсӣ ва ба гуруҳи хурди одамон дастрас мебошанд. Блог дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъсис дода мешавад, ки ба онҳо миллионҳо нафар ворид мегрданд! Аз ин рӯ, блогерҳо ва муаллифони маводҳое, ки дар блогҳо ҷой дода мешаванд, барои мазмуну муҳтавои маводҳои паҳншаванда, чун ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, новобаста аз синну сол, касбу кор, мансубияти ҳизбию миллӣ ва эътиқоди динӣ тибқи қонун масъулияти ҷавобгарӣ доранд.

Гулов изҳор медорад, ки «маҳз тавассути роҳ додан ба иштибоҳҳо блогерҳо рушд мекунанд». Вале агар хато ҷиддӣ ва нобахшиданӣ бошад чӣ? Таҷрибаи талхи чаҳор нафар блогерҳои тоҷик — Далери Эмомалӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдулло Ғурбатӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки чанде пеш зиндонӣ шуданд, мисоли ин гуфтаҳост. Ҳарчанд дар қарори суд мушаххас гуфта нашудааст, ки онҳо маҳз барои фаъолияти блогериашон муҷозот шудаанд, вале дар ҳукмнома чунин зикр шудааст: барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ ва экстремистӣ. Дурӯғ, таҳқир ва тӯҳмат низ яке аз шаклҳои экстремизм ё ифротгароист.

Зеро беҳуда нагуфтаанд: «Забони сурх сари сабз медиҳад барбод».

Ба қавли Абӯшакури Балхӣ:

«Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,
Сухан талху ширину дармону дард».

Сухан чун тирест, ки агар аз камон ҷаст, ҳатман фоҷиае дар пай хоҳад дошт. Яъне, сухан ҷавҳари хираду сирати гӯяндаро таҷассум мекунад.

Чанд нафар блогерони дигар барои худсарона дар шабакаҳои интернетӣ паҳн кардани тасвиру наворҳо ҷиҳати бадном сохтани духтарон ба мурофиаи додгоҳӣ кашида шуданд.

Дар моддаи 42-и Конститутсияи Тоҷикистон омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд».

Тибқи моддаи 43 «ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Аз ин лиҳоз, беҳтар аст бе хато рушд кардан. Барои мисол, омӯзиши фаъолияти блогер Одинамуҳаммад Одинаев нишон медиҳад, ки бидуни вайрон сохтани талаботи қонунгузорӣ низ метавон дар ин роҳ ба муваффақият ноил шуд.

Ёдовар мешавем, ки мутобиқи моддаи 38-и Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилоот», шахс на танҳо барои паҳн кардани маълумоти аз тарафи қонун махфӣ эълоншуда, балки инчунин барои паҳн намудани иттилооте, ки ба ҳақиқат мувофиқ набуда, обрӯю эътибори шахсро паст мезанад», «истифода ва паҳн намудани иттилоот оид ба ҳаёти шахсии шаҳрванд бидуни розигии ӯ» ҷавобгар мебошад.

Вобаста ба ин хуб мебуд мақомоти дахлдори кишвар дар бораи блог ва блогерҳо, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳарчанд падидаи нав ҳам бошанд, ба назари мо бояд бегона, ғайри қобили қабул ва билкул зиёновар шинохта нашаванд, қонуни алоҳида қабул ва ё ба қонунҳои амалкунанда, аз қабили Қонун «Дар бораи иттилоот», Конун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи реклама» ва ғайра тағйироту иловаҳои дахлдор қабул намоянд. То ки фаъолияти блог ва блогерҳо чун ҳамаи дигар фаъолият ба танзим даоварда шавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»